Дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дувоздаҳ даста дар чемпионати 35-уми Тоҷикистон, ки расман 6 март оғоз мешавад, иштирок мекунанд. Мавсими нав дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар доираи чемпионат ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар мавсими 2026 ҷойи охиринро мегирад, ба Лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки дар зинаи 11-ум қарор мегирад, бо дастаи дуюми Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев