Ҳунарнамоии Далер Назаров дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд

0
5 816 просмотров

Санаи 22-юми сентябри соли равон дар Кохи «Суғдиён» Рӯзи Рӯдакӣ ва санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар назди театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Бо ин мақсад аз тарафи Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур саҳмгузор бошанд.

Дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамчунин беш аз 70 адад хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон унвони навбатии «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 40 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд.

Картинки по запросу Далер Назаров

Иштироки ҳунармандони номвари Тоҷикистон, аз ҷумла Далер Назаров дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имсол ин бори чорум аст, аз Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Зиндагинома

Далер Назаров.jpg

Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе

дар оилаи санъатшинос, драмнавис Меҳрубон Назаров ба

дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии худро дар ибтидои солҳои

1980 оғоз намудааст. Вай бештари умри худро дар Душанбе,

пойтахти Тоҷикистон гузаронидааст. Ҳамчун сарояндаи

эстрада ва композитори тоҷик ва ҳунарпешаи синамо машҳур

шудааст. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 — 1997) маҷбур

шуд, ки зодгоҳашро тарк кунад. Солҳо дар Алмаато,

Қазоқистон зиндагӣ кард, баъд ба Душанбе баргашт.

Чеҳраи ҳунарии ӯ ҳамчун сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навини тоҷик, ки мусиқи фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии «поп-фолк» таълиф намуда месарояд, маъмул аст.

Далер Назаров дорои касбҳои сароянда, санъаткор, мусиқидон,ҳунарпешаи синамо, оҳангсоз,оҳангсози филм, гитаранавоз мебошад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вазъи қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 26 май, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: