Тундбоди сибирӣ ба Тоҷикистон барфи зиёд меорад

0
6 339 просмотров

Пагоҳ, 19 ноябр баъд аз нисфирӯзӣ ба ҳудуди Тоҷикистон тундбоди сибирӣ ворид гашта, эҳтимоли якбора сард шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯз эҳтимоли боридани борони шадид дар назар дошта шуда, он ба барф мубаддал мегардад. Боридани барф дар қаламрави ҷумҳурӣ то 23 ноябр идома хоҳад ёфт.
«23 ноябр ҳаво мӯътадил гашта, сардии ҳарорати ҳаво меафзояд. Ҳаво дар рӯзҳои боридани барф дар вилояти Суғд то -1+ 4 дараҷа, Хатлон -0 +5 дараҷа, навоҳии тобеи марказ 1+ 4 дараҷа ва ВМКБ то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд»,-хабар доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аёдати сарбозон аз ҷониби волидайн ва масъулин

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарбозони ҷузъу томҳои қисмҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: