Суғд: Дар семоҳаи аввал ба маблағи 403,5 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд

0
7 603 просмотров

Давоми семоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 403,5 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 105,7 фоиз баробар мебошад.

Сабзавот

Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 10940 тонна гӯшт, 64787 тонна шир, 36,2 млн дона тухм, 17,5 тонна моҳӣ, 212,7 тонна пашм ва 217,8 тонна сабзавот истеҳсол гардида, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта афзоиши ҳамаи номгӯи маҳсулот таъмин карда шуд.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудани маслиҳатҳои муфиду маълумотҳои соҳавӣ аз ҳисоби роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбута намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо вобаста ва сафарбар карда шуданд.

Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Угонщик на Porsche врезался в машину полиции

После непродолжительного «забега» преступник был схвачен. В канадском Торонто молодой человек угнал кабриолет Porsche иустроил уличные гонки с другим участником дорожного движения на Audi R8. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: