Соли 2025 аз ҷониби блогерони тоҷик ба маблағи 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ андоз ворид гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар мақомоти андоз 119 субъекти тавассути шабакаи Интернет ва мессенҷерҳои иҷтимоӣ машғул ба фаъолияти блогерӣ ва пахши видеороликҳо ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Дар маҷмуъ, Кумитаи андоз дар фаъолияти субъектҳои ба фаъолияти тиҷорати электронӣ ва блогерӣ машғул ба маблағи 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ эҳтимоли кам ҳисоб намудани маблағи андозҳоро ошкор кардааст. Баъд аз дастрас намудани огоҳиномаҳо аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ ба маблағи 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ андоз ворид гардид.
Бояд гуфт, ки дар асоси муқаррароти моддаи 185 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна даромад, подошпулӣ ва манфиатҳое, ки андозсупоранда дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ аз фаъолияти сохибкорӣ гирифтааст, мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад. Бинобар ин даромадҳои аз шабакаҳои иҷтимоӣ бадастовардаи блогерон мутобиқи талаботи ин моддаи Кодекси андоз мавриди андозбандӣ қарор дода мешаванд.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев