СЕМИНАРИ БОЗОМЎЗӢ ДОИР БА РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

0
3 519 просмотров

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ баргузор шуд, ки мавзӯъҳои он  «Нақши мақомоти кадрӣ дар рушди ҳукумати электронӣ» ва «Забони  коргузории мақомоти давлатӣ ва  риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» буда, аз ҷониби сармутахассиси бахши кадрии кумита Нурулло Сайфуллоев гузаронида шуд.

Дар ҷараёни семинар, ки дар шакли рўнамоӣ сурат гирифт, моҳияту вазифаҳои ҳукумати электронӣ  бо назардошти санаду меъёрҳои  қабулгардида фаҳмонида шуданд.

Ҳамчунин Н. Сайфуллоев доир ба масъалаву қоидаҳои забони  коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ ва  риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сухан гуфта, зикр кард, ки забони давлатӣ яке аз муқаддасоти  олии кишвар маҳсуб мешавад.

Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Наврӯзи тоҷикон дар меҳмонии Давлати Кувайт

Як ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба Давлати Кувайт сафар намуданд. Меҳмонони тоҷикро дар фурудгоҳи Шайх  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: