Сайёҳонро бо лифт ба кайҳон мебаранд

0
2 477 просмотров

Ширкати Ҷопонии Obayashi нақша дорад то соли 2050 лифте созад, то одамону бори онҳоро ба мадори замин барад.

Лоиҳаи лифти кайҳониро ҳанӯз дар асри XIX Константин Сиолковский пешниҳод карда буд. Лекин то ин дам касе ин лоиҳаро амали накард. Муҳандисони Ҷопони мехоҳанд аз ин истифода кунанд: баъд аз тақрибан 30 сол онҳо мехоҳанд аввалаин сайёҳонро бо лифт ба кайҳон гусел кунанд.

Хонача (кабина) бояд ба баландии 36 000 километр – то мадори замаин барояд. Баландии умумии сохтмон 96 000 километрро ташкил медиҳад, чунон ба система бо вазни баргарони лозим аст – ин қариб чоряки масофаро то Моҳ ташкил медиҳад. Троси лифт аз наноқубурчаҳои карбони сохта мешавад.

Коркардро муҳандисони Obayashi аз кори хурд оғоз мекунанд. Санаи 10 сентябр онҳо ба кайҳон мини-радифро равона мекунанд, ки он ба ду қисм ҷудо шуда бо троси даҳ метра пайваст мешавад. Бо ин олимон метавонанд мушкилот ва дигар воситаҳои дар пеш истодаро ҳисоб кунанд.

Агар санфишҳо бо муваффақият анҷом ёбанд, муҳандисон ба сохтани таҷҳизотҳо оғоз мекунанд. Ҳамаги Obayashi дар нақша дорад то 6 лифт бунёд кунад. Дар марҳилаи охирон масоҳати кабинаи он 18 ба 7 метрро ташкил хоҳад дод. Он метавонад дар як рафт то 30 одамро гирад. Нархи баромад ба кайҳон чанд пул мешавад ҳоло махфист – лекин он гарон хоҳад шуд, чун арзиши лоиҳа 125 миллиард долларо ташкил медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Имрӯз ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар шакли ҳузурӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода (Раиси Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) ҷаласаи Кумитаи котибони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: