Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории ҳамоиши байналмилалии «Хуттали Қадим пойгоҳи зуҳури забони форсӣ-тоҷикӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллӣ амалӣ карда мешавад.
Дар озмун олимон ва мутахассисони соҳаи таъриху фарҳанг бо мақола ва рисолаҳо, роҳнамо ва албомҳо бахшида ба мероси таъриху фарҳанги миллӣ иштирок менамоянд.
Асарҳои беҳтарин қадрдонӣ гардида, ҳамчунин дар маҷаллаи ҷашнии Агентӣғ «Ҳифзи мерос» чоп карда мешаванд.
Озмун бо мақсади тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Аз ин хотир Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллатамон муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорем», — изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев