Оғози мавсими нави театрӣ бо намоишномаи «Исёни арӯсон»

0
4 321 просмотров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар маросими оғози 85-умин мавсими ҳунарнамоии театр иштирок намуд.

Бояд зикр кард, ки аҳли эҷоди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» мавсими нави театриро оғоз намуданд.

Намоишномаи «Исёни арӯсон», ки муҳтавои онро ғояҳои инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои оиладорӣ ташкил медиҳад, ба қалами Нависандаи халқии Ӯзбекистон Саид Аҳмад тааллуқ дошта, таҳиягари он Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева  мебошад.

Дар нақшҳо Сурайё Хоҷаева, Орифа Ғафурова, Гавҳар Тоҷибоева, Малоҳат Абдушукурова, Замира Юлдошева, Шаҳодат Ҷӯраева, Насиба Каримова, Моҳира Қандова, Абдуҳамид Каримов, Ҳакимҷон Аҳмадов, Дилшод Сайфиддинов ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз тамошои намоишнома кулли кормандони театрро ба муносибати оғози 85-умин мавсими ҳунарнамоӣ табрик гуфта, ба кори онҳо муваффақиятҳо  таманно кард.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

Бо шарофати иқдомҳои наҷибонаи Президентҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз пеш густариш ёфта,  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: