Бо мақсади бењтар намудани сифати хизматрасонї ба шањрвандон ва дар шакли электронї бо рељаи мустаќим (онлайн) таъмин намудани шахсони воќеї бо раќами мушаххаси андозсупоранда, тибқи фармоиши раиси Кумитаи андоз аз 25.01.2024, № 62 бањисобгирї шахсони воќеї ва таъмин намудан бо раќами мушаххаси андозсупоранда дар шакли электронї анҷом дода мешавад.
Барои бо тартиби мазкур гирифтани раќами мушаххаси андозсупоранда, амалњои зерин бояд анљом дода шаванд:
- Тавассути сомонаи Кумитаи андоз (www.andoz.tj) ба бахши“Шахсони воќеї”воридшуда, аз саҳифа зербахши “Бањисобгирии РМА”-ро интихоб намуда, маълумотњои зеринро ворид менамоянд:
1) дар қисмати аввал, насаб, ном ва номи падари шахси РМА гиранда пур карда мешавад;
2) дар қисмати номи падар, насаб, ном ва номи падари шахси РМА гиранда пур карда мешавад;
3) дар қисмати номи модар, насаб, ном ва номи падари шахси РМА гиранда пур карда мешавад;
4)дар қисмати Нозироти андоз ҳатман бояд Нозироти андози маҳалли бақайдгирии суроға иистиқомати (прописка) шахси РМА гиранда интихоб карда шавад;*
5) дар қисмати ҷинс, ҷинси (мард ва ё зан) шахси РМА гиранда интихоб карда мешавад;
6) дар қисмати санаи таваллуд, санаи таваллуди шахси РМА гиранда ворид карда мешавад;
7) дар қисмати шаҳрвандӣ, шаҳрвандии (гражданство) шахси РМА гиранда интихоб карда мешавад;
8) дар қисмати намуди ҳуҷҷат, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти (шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома) шахси РМА гиранда интихоб гардида, баъд аз интихоб кардани ҳуҷҷат силсилаи ҳуҷҷат, рақами ҳуҷҷат, санаи ҳуҷҷат ва маълумот нисбати мақомоте, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаро додааст, интихоб карда мешавад.
9) дар қисмати акси шахсӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда, шахси РМА гиранда симои худро бо дар даст доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома) аксбардорӣ намуда (селфи) ба қисмати обзор ворид менамояд, дар қисматҳои нусхабардорӣ боркунии ҳуҷҷат ва нусхабардории ва боркунии ҳуҷҷати иловагӣ нусхаи (копия) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси РМАгиранда ворид карда мешавад.
10) дар қисмати суроғаи ҷой зист, маълумот оиди суроғаи истиқомати шахси РМА гиранда, рақами хона, рақами ҳуҷра аз руй ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, рақами телефони мобилӣ ва почтаи электронӣ пур карда мешавад.
11) дар қисмати маълумот оиди падар ё модар, маълумоти падар ё модари шахси РМА гиранда оиди РМА рақами телефон ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падар ва ё модар пур карда мешавад.
- Пас аз пур намудани сархатњо аз ирсол гардидани дархости электронӣ, барномаи компютерӣ бедахолати корманди мақомоти андоз ба таври автоматӣ мавриди коркард қарор дода, дар телефони мобилии шањрванд СМС – Паёмак бо дарљ гардидани раќами мушаххаси андозсупоранда РМА ирсол карда мешавад.
Шаҳодатнома дар бораи додани РМА — ро адозсупорнда метавонат аз почтаи электронӣ дастрас намояд.
- Њангоми коркардшудани маълумотњо муайян гардидани номутобиқатии рақами телефони мобилии пешниҳодшуда бо маълумотҳои барномаи компютерии Кумитаи андоз ва ё њолатњои аз ҷониби шахси РМА гиранда пур накардани яке амалҳои дар боло қайд шуда, тавассути“СМС Паёмак ва ё почтаи электронӣ оид ба радгардидани дархост ба таври электронӣ огоҳинома ирсол карда мешавад.


Нет комментариев