Нигина Сайфуллоева барандаи ҷоизаи «GQ Super Women»

0
2 094 просмотров

27 ноябр дар Москва маҷаллаи «GQ» маросими ҷоизасупории дуюмин мукофоти худ – «GQ Super Women»-ро баргузор намуд.

Дар он ёздаҳ нафар бонувон аз рӯи 10 номинатсия мукофотонида шуданд. Дар номинатсияи «Кино» ҷоиза ба коргардони кино ва сенариянавис Нигина Сайфуллоева, ки филмҳои «Хочу с тобой» ва «Шиповник», инчунин силсилафилми ҳаҷвии «Деффчонки»-ро барои шабакаи телевизиони ТНТ ба навор гирифта, муаллифи сенарияи силсилафилми драмавии «Детки» барои шабакаи телевизиони ТВ-3 мебошад, тақдим гардид.

Бонуи беҳтарин (супервумен) Нигина Сайфуллоева — зодаи шаҳри Душанбе, набераи олим ва адабиётшиноси маъруф, профессор Атахон Сайфуллоев ва духтари нависанда ва публисист Ҳафиз Сайфуллоев мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаласаи Мушовараи ВКД баргузор гардид

Рӯзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: