Неймар ба ҷавобгарӣ кашида шуд

0
1 909 просмотров

Лигаи касбии футболи Фаронса дар сомонаи расмиаш аз муҷозот шудани футболбозони дастаҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Марсел» (0:1) расман иттилоъ дод. Дифоъгари «ПСЖ» Лейвин Курзава дар шаш бозӣ, форвард Неймар ва ниммуҳофизатгар Леандро Паредес дар ду бозии муҷозот карда шуданд. Ҳимоятгари «Марсел» -Жордан Амави аз се бозӣ ва форвард Дарио Бенедетто аз як бозии ояндаи дастаашон маҳрум карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар сонияҳои охири бозии даври сеюми Чемпионати Фаронса байни дастаҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Марсел» нофаҳмӣ сар зад, ки ин боиси ронда шудани панҷ футболбоз гардид.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 14.06.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3190 сомонӣ; 1 евро – 13.7277 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1574 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: