Мулоқотҳои судманд дар шаҳри Ню-Йорк

0
5 607 просмотров

Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Иҷлосияи 71-уми Маҷмааи Умумии СММ Питер Томсон ва Вазири корҳои хориҷии Канада Кристиа Фриланд мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳадафҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла масоили ҷории иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор табодули назар намудаанд. Инчунин дар рафти мулоқот бо Кристиа Фриланд масоили мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Канада баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои марбут ба бозори меҳнат, об ва рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 17.04.2023

 Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.9137 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: