
Ба диққати шаҳрвандоне, ки дар Корея Ҷанубӣ мувофиқи барномаи EPS topik кор кардан мехоҳанд!
Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки нафароне, ки нияти кор карданро дар соҳаи истеҳсолотро доранд, дар санаҳои 2-юм то 5-уми марти соли ҷорӣ қабули аризаҳоро бо пардохт намудани маблағи боҷи имтиҳон дар ҳаҷми 330 сомон дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тибқи низоми EPS topik ба роҳ монда мешавад.
Талаботи иштирок дар имтиҳони EPS topik:
-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik;
— синну сол аз 18 то 39 сола (рӯз моҳ соли таваллуд аз 03.03.1986 то 02.03. 2008);
— надоштани доғи судӣ;
— надоштани ихроҷшавӣ (депортация) аз Корея;
-шахсони солим бидуни бемориҳои сироятӣ;
Маълумотҳои муҳим барои номнавис шудан:
1. Рақами телефон;
2. Шакли электронии шиносномаҳои хориҷӣ;
3. Расми рангаи электронӣ ҳаҷми 3,5×4,5 дар фони сафед;
Маълумотҳо бояд дуруст ва бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шаванд!
Маълумотҳоро тариқи шиносномаи хориҷӣ бе хато ворид намудан талаб карда мешавад.
Шахсоне, ки маълумотҳоро нодуруст ворид намудаанд дар имтиҳон иштирок карда наметавонанд!
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80, телефонҳо барои тамос: 221-39-83, 221-39-67, 930934994 (Whatsapp, Telegram). Канали мо дар телеграм: https://t.me/egencyemploymentabroad
Макони ҷойгиршавии мо https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19

Нет комментариев