Кирилл Медников Тоҷикистонро дар озмуни «Песни»-и ТНТ муаррифи намуд

0
5 554 просмотров

Дар даври навбатии озмуни «Песни» дар шабакаи ТНТ Кирилл Медников сурудеро ба забони русӣ сароид. 

Овозхони душанбегӣ, Кирилл Медников ба даври навбатии озмуни мусиқавии «Песни» дар ТНТ роҳ ёфт. Овозхони ҷавони тоҷикистонӣ дар гурӯҳи 10-ум ба саҳна баромад. Ӯ ин бор суруди «Глупый ветер»-ро  ба забони русӣ сароид.

«Дар даври пеш ман сурудеро ба забони англисӣ сароидам. Ин бор ман сурудро ба забони русӣ месароям. Ин барои ман навгонӣ аст»,-гуфт Медников пеш аз иҷрои суруд. Қайд мешавад, ки овозхон матн ва мусиқии ин сурудро худ навиштааст.

Пас аз гӯш кардани суруд, ҳакамони озмун-Тимати ва Баста гуфтанд, ки Кирилл ба даври навбатӣ мегузарад. Озмуни ҳунарии «Песни» чанд моҳ боз дар шабакаи ТНТ Русия оғоз шудааст. Дар ин озмун  овозхонон аз гушаю канори гуногуни Русия ва берун аз он ширкат карда ҳунари овозхонии худро ба доварон намоиш медиҳанд.

Ҳадафи аслии ин озмун дарёфти ситораҳои нав барои ширкати бонуфузи шоу-бизнеси Русия, Black star мебошад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 27.11.2017

Имрӯз, бисту ҳафтуми ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА   аз 8.8100 то 8.8300 сомониро ташкил ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: