Ишқ сарҳад надорад: издивоҷи марди 71-солаи чинӣ бо маъшуқаи 114-солааш

0
4 351 просмотров

Зан чандин маротиба дархости мардро барои издивоҷ рад кардааст.

Дар Чин як зани 114-сола Чжан баъди як соли фикру мулоҳизаронӣ розӣ шуд, ки бо дӯстдори 71-солаш Чжэн издивоҷ кунад.

Бино ба маълумоти портали Sina, маросими издивоҷи ин ҷуфти пиронсолон дар музофоти Баучи ноҳияи Қошғар (ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин) баргузор шудааст.

Пас аз издивоҷ Чжен изҳор доштааст, ки бо ҳамсараш дар хонаи пиронсолон шинос шуда, аввал аз таомпазии Чжан ба ваҷд омадааст ва сипас таваҷҷуҳ кардааст, ки ӯ як инсони хеле хуб аст.

Ин мард иқрор шудааст, ки ҳарчанд чандин маротиба зан дархости ӯ барои издивоҷро рад карда бошад ҳам, муддати як сол ба ӯ изҳори ишқ намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки Чжан ба ӯ майлу рағбат пайдо кунад.

Манбаъ: https://news.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мусобиқаи шашкаю шоҳмот байни нобиноён

Дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шашкаи русӣ байни мардон ва ва занон ва шоҳмот байни мардҳо байни нобиноён, бахшида ба Соли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: