Имрӯз боридани барфу борон дар назар аст

0
4 106 просмотров

Имрӯз, 1 феврал дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Эҳтимолияти боридани барфу борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 11 то 13 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шуда, фаромадани туман дар назар аст. Барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ мегардад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Боридани барф дар қисмати дуюми рӯз назар дошта шуда, фаромадани туман аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 16.10.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.6587 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: