Хабиб Бей сармураббии нави “Марсел”

0
9 просмотров

Мутахассиси сенегалӣ Хабиб Бей сармураббии нави дастаи “Марсел” таъин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар додааст. Дар ин мақом мутахассиси сенегалӣ Роберто Де Дзербии итолиёвиро иваз кард.

Дар изҳороти клуб омадааст, ки “Марсел” бо хушнудӣ таъини Хабиб Бейро ба вазифаи сармураббӣ эълон мекунад. Ӯ дар футболи Фаронса роҳи вижаеро тай намудааст, аввал ҳамчун бозигари ботаҷриба ва мавриди эҳтиром, сипас ҳамчун мураббии пурҳадаф ва андешаманд.

Ҷойи кори қаблии мураббии 48-сола бошгоҳи “Ренн” –и Фаронса буд.

Ҳоло “Марсел” дар ҷадвали мусобиқаи Лига 1 дар ҷойи чорум қарор дошта, пас аз 22 бозӣ 40 имтиёз ба даст овардааст. Дар зинаи аввал дастаи “Ланс” бо 52 имтиёз ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, ки дар Лигаи чемпионҳо “Марсел” дар марҳилаи умумӣ ҷойи 25-умро ишғол намуда, натавонист ба даври плей-офф роҳ ёбад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маълумот дар бораи Архар

Архар, ғулча як навъ ҳайвони ҷуфтсумро гӯянд. Ҷуссаи калон ва пойҳои дарози боқувват дорад. Дарозии баданаш 110-200 см (модинааш нисбатан хурдтар аст), кадаш 65-125 см, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: