Дар пойтахт Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT баргузор гардид

0
733 просмотров

Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар рақобатҳои даставии он Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 300 варзишгариштирок намуданд, ки аз ин шумора 120 нафар аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Муғулистон буданд.

Тоҷикистон байни онҳо рақобат намуда, дар рақобатҳои даставӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Интихоби DVD

Пеш аз харидори намудани DVD-плейер қисмҳои содиротӣ ва воридотии телевизори худро бодиққат омӯзед. Дар телевизорҳо одатан қисмҳои воридотию содиротии «лола» ё ба ибораи дигар гӯем ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: