Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид

0
19 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки занону духтарони идораю ташкилот ва муассисаю маҳаллаҳо даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Иброз гардид, ки тарғиби ҳунари асили фарҳанги кадбонугии занону духтарони тоҷик, гиромидошти шахсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷ гузоштан ба ҳунари кадбонуҳо, завқи дастархонороӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ ва анъанаҳои ороиши миллӣ аз рукнҳои муҳими арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошанд. Истеъдоди нотакрори ҳунармандии занону духтарони тоҷик онҳоро ҳамчун занони бохираду порсо, созандаю офаранда ва фарҳангию фарҳангсолор муаррифӣ менамояд.

Озмун бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони халқи тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли ҳаштум аст, ки гузаронида мешавад.

Изҳор шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ҳунармандии занон аз ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занону духтарон ба эҳёи таомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо ва зиёд намудани ҷойи нави кор иборат мебошад.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» гурӯҳи кадбонуҳои Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 –и шаҳри Хуҷанд мақоми аввал, кадбонуҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм ва маҳаллаи «Тиллокон» мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хоиравӣ қадрдонӣ гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо, озмунҳо, фестивалҳои ҷумҳуриявӣ имконият медиҳад, ки паҳлуҳои нозуки санъати асили ҳунармандӣ, кадбонугӣ, маърифати оиладорӣ ва сарфаю сариштакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беҳтарин ҳунармардон қадршиносӣ карда шаванд. Ин ба пайдо намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши расму ойин, мероси ниёгон, анъанаи миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба наздикӣ Google Android 8.0 мебарояд

Системаи амалиётии навбатии Google Android 8.0, ки чун Android O низ маъмул аст, ба наздикӣ арзи ҳастӣ менамояд. Маҳфуми рамзи «О» дар ОС-и нав ҳоло ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: