Чорабиниҳо ба ифтихори 27–солагии Истиқлолияти давлатӣ

0
2 993 просмотров

9 сентябри соли 2018 дар қаламрави вилоят 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 августи соли 2018, №338 ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, сайругашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангӣ, консерту намоишҳои ҳунарию эҷодӣ, шанбегии оммавии вилоятӣ, мусобиқа ва озмунҳои гуногун, намоиши китоб, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат ва дигар чорабиниҳо ба назар гирифта шудааст.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намаки баҳрӣ

Намакро аз оби баҳр ҳанӯз дар давоми садсолаҳо боз ба даст меоранд. Дар замонҳои қадим гузаштагони мо роҳи аҷибро барои ба бадастории намаки баҳрӣ истифода ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: