Бозии мусовӣ байни Тоҷикистон ва Тайланд

0
2 342 просмотров

Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд, ки 29 май дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гашт, бо ҳисоби мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  бозиро бо ҳисоби 0:2 мебохт, вале ташаббус ба даст гирифта, тавонист дар охири дидор бозиро мусовӣ кунад. Дар ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Эҳсони Панҷшанбе ва Ислом Зоиров ба нишон расониданд.
Ҳамчунин 24 майи соли равон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  Ироқ низ бозии рафиқона доир кард, ки бидуни гол  (0:0) ин сабқат хотима ёфта буд.

Мавриди зикр аст,ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Дубай то 3 июн мемонад ва баъдан барои анҷом додани ду бозии боқимондаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» муқобили  дастаҳои мунтахаби  Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба шаҳри Осакаи Ҷопон сафарбар мегардад.

Бозии рафиқона

Тайланд – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Муеанта Суфанат, 50 (1:0). Муеанта Суфанат, 58 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (2:1). Ислом Зоиров, 89 (2:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев (Зоир Ҷӯрабоев, 77), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Рустам Соиров, 46), Илҳомҷон Баротов (Шериддин Бобоев, 46, Парвизҷон Умарбоев, 72), Алиҷони Айнӣ (Ислом Зоиров, 46), Шаҳром Самиев.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин» аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон» оғоз мегардад

Осорхонаи миллии Тоҷикистон  дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон эълон менамояд. Корманди Осорхонаи миллӣ Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: