Боздиди 1236 нафар сайёҳи хориҷӣ аз “Қалъаи Хуҷанд”

0
3 103 просмотров

Соли равон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷалби бештари сайёҳон ба маҷмаа тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Тавре аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона 101 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта ба маблағи 17965,00 сомонӣ харидорӣ карда шуд.

Теъдоди сайёҳоне, ки аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” боздид менамоянд, зиёд гардида, дар шаш моҳи сипаришуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди маҷмаа ҷойгиранд, 45 682 нафар боздид намудаанд. Аз ин миқдор 1236 нафар тамошобинон аз хориҷи дур буда, 472 нафар аз давлатҳои ИДМ мебошанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 12.07.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.6596 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: