Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд

0
14 просмотров

Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши раванди пешниҳоди қарз аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба мизоҷон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолӣ 42,6 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ- 13,4 фоиз, кишоварзӣ- 11,8 фоиз, саноат- 8,3 фоиз, хизматрасонӣ- 7,1 фоиз, ипотека- 6,1 фоиз, сохтмон- 4,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 6,2 фоиз рост меояд. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 27,4 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, 8,2 миллиард сомониро ташкил дод.

Соли 2025 ба мизоҷон ба маблағи 22,0 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2024 23,5 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо дар ҳамин давра бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилоти қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 маблағи 26,1 миллиард сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба интиҳои соли 2024 ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ ё 22,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: