Байни Тоҷикистон ва Италия робитаҳои илмию адабӣ густариш меёбанд

0
685 просмотров

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми  Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи густариши робитаҳои илмию адабиро баррасӣ намуданд.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Италия табодули назар намуданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Италия дар оянда  робитаҳои илмию адабӣ ва ҳамкории фарҳангиро тақвият мебахшанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хуҷанд бо 6 шаҳрҳои ҷаҳон бародаршаҳр мебошад

Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо шаҳрҳои Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон, Оренбурги  Руссия, Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, Могилеви Ҷумҳурии Белорус ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: