Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе

0
1 820 просмотров

13 ноябр дар саҳни бинои Муасисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ-16 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Ярмаркаи мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷогӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ярмарка роҳбарон ва шуъбаҳои кадрҳои ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидорие, ки барои фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, даъват карда мешаванд.

Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан дар  Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 26.09.2017

Имрӯз, 26 сентябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: