Ба ифтихори Cоли нав ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад

0
5 755 просмотров

Ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони маркази вилоят расонида мешавад, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ санаҳои 29 ва 30 декабри соли  2016 дар Регистони Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор аз 30 то 40 фоиз арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Оғози ярмарка — соати 08:00.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Манбаъ: sugd.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Машварати кории Марҳабо Ҷабборӣ

Дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ доир ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2015» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: