Аз 4 то 10 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон сурат мегирад

0
1 414 просмотров

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4  то 10 январ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар зарфи як ҳафта  вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбат намуда, ба онҳо роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо маълумоти  мукаммал медиҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷанговарони байналмиллали тоҷику қирғиз дар Хуҷанд мулоқот намуданд

Бодастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалист вохӯрии ҷанговарони байналимиллали вилояти Суғд бо иштирокчиёни ҷангҳои байналмиллалӣ аз вилояти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: