Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд

0
2 185 просмотров

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилояти Суғд 6 ширкати сайёҳии нав таъсис ёфта, 20 хатсайри нави сайёҳӣ роҳандозӣ гардид.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби гардишгарон ба мавзеъҳои истироҳативу сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Ин аст, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят 363,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ҳазорҳо нафар сайёҳон ба қаламрави вилоят ворид шудаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд 32 ширкати сайёҳӣ  фаъолият мебаранд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия ҷинояткори хавфнок-террорист дастгир гардид

6 апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: