Пирӯзии толибилми тоҷик олимпиадаи байнулмилалӣ

0
2 861 просмотров

Толибилми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт Меҳрубон Тӯраев дар Олмипиадаи кушодаи IX толибилмон оид ба барномасозӣ, ки рӯзи 9 март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ба дарёфти медали тилло ва дипломи дараҷаи аввал шарафёб гардид. Дар Олимпиадаи мазкур беш аз 400 нафар толибилмон аз Русия, Украина, Беларус, Латвия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷаҳои марҳилаи ниҳоӣ, ки дар торнамои расмии Олимпиада интишор шудааст, ягона намояндаи Тоҷикистон Меҳрубон Тӯраев бо касби 539 имтиёз ба дипломи дараҷаи аввал ва медали тиллои Олимпиада сазовор дониста шудааст. Меҳрубон Тӯраев хонандаи синфи 11-уми гимназия-интернати «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе буда, бо дарёфти медалу дипломҳо Тоҷикистонро дар як қатор олимпиадаҳои байнулмилалӣ намояндагӣ кардааст. Қаблан, ахири моҳи январи соли равон дар Олимпидаи байнулмилалии IX толибилмон оид ба математика, физика ва информатика дар Жаутики Қазоқистон Меҳрубон Тӯраев ба гирифтани дипломи дараҷаи сеюм ноил гардида буд. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Чин 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: