Дар Тоҷикистон амалиёти «Автобус» оғоз гардид

0
8 просмотров

Аз 14 то 23 сентябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша–чорабиниҳои мақсадноки «Назорат», амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва таъмини риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.

Зимни амалиёт назорати риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус аз ҷониби воситаҳои нақлиёти мусофирбар, пурзӯр карда мешавад. Ҳамзамон ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва риояи дигар талаботи муқарраргардида мавриди санҷиш қарор мегирад.

Яке аз ҳадафҳои асосии амалиёт ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, махсусан нақлиёти мусофирбар ва фароҳам овардани шароити бехатар барои мусофирон мебошад.

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарони корхонаю ҷамъиятҳое, ки ба интиқоли мусофирон машғуланд, даъват менамояд, ки дар давраи гузаронидани ин амалиёт ва минбаъд низ ба риояи қатъии талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таъмини ҳолати хуби техникии воситаҳои нақлиёт ва риояи интизоми ронандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таъмини бехатарии мусофирон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ вазифаи умумии ҳар як иштирокчии ҳаракат ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: