Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд

0
111 просмотров

Масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Раиси вилояти Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Таҳмосбӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо дурнамои мутақобилро барои амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ва зарурати истифодаи фаъолонаи ин имконотро таъкид намуданд.

Азим Иброҳим ва Алиасғар Таҳмосбӣ, аз ҷумла масъалаҳои густариши ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни шаҳри Душанбе ва вилояти Гулистони Эрон баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки вилояти Гулистон дар шимолу шарқи Эрон ва дар самти ҷанубу шарқ аз баҳри Хазар ҷойгир шудааст. Маркази маъмурии музофот шаҳри Гургон аст, ки то соли 1937 Астаробод ном дошт. Гулистон, ки соли 1997 аз вилояти Мозандарон ҷудо шуда буд, дар шимол бо Туркманистон ҳамсарҳад аст. Яке аз нуқтаҳои асосии сарҳадии байни ду кишвар Инче-Борун мебошад, ки ҳамчун нуқтаи муҳими ҳамлу нақл хизмат мекунад. Он бо роҳи оҳани Эрон пайваст аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

ПАНОРАМА НЕДЕЛИ

ХХХ В государственном комплексе «Кохи Сомон» города Душанбе проходила слушание Послания Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона Маджлиси Оли РТ. В соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: