Роналду ба тӯяш Ҳабиб ва Макгрегор-ро даъват намуд

0
20 просмотров

Тибқи иттилои MMA Weekly ҳамлагари маъруфи бошгоҳи “Ал-Наср” ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду қаҳрамонҳои собиқи UFC Конор МакГрегор ва Ҳабиб Нурмагомедовро ба тӯяш бо Ҷорҷина Родригес даъват кард.

Рӯзи якшанбе, 2-юми август эълон шуд, ки Роналду ва Ҷорҷина Родригес ҳафтаи оянда дар Мадейра издивоҷ хоҳанд кард.

Дар рӯйхати меҳмонон инчунин мусиқинавозон Дрейк, Рианна ва Ҷенифер Лопес, блогнавис IShowSpeed, муҷрии телевизион Пирс Морган ва нафарони дигари маъруф ҳастанд.

Роналду ва Ҷорҷина дар калисои Фуншал издивоҷ хоҳанд кард ва пас аз он зиёфат дар меҳмонхонаи панҷситорадор баргузор мешавад. Ба меҳмонони меҳмонхона хабар дода шуд, ки ду ошёна, инчунин якчанд ошёнаҳои дигари бино дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе баста хоҳанд буд.

Фуншал зодгоҳи Роналду аст. Футболбози португалӣ соли 2025 ба модели аргентинӣ пешниҳоди издивоҷ карда буд. Роналду ва Ҷорҷина аз соли 2016 инҷониб бо ҳам муносибати шахсӣ доранд.

Манбаъ: ВАРЗИШ-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на 03.12.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 30 ноября с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определил официальный курс иностранной валюты: 1 доллар США – 9.4189 сомони, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: