Форуми иқтисодию тиҷоратӣ дар шаҳри Шанхай баргузор шуд

0
36 просмотров

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз музофоти Шэнсӣ ба шаҳри Шанхай ташриф овард.

Дар шаҳри Шанхай бо иштироки зиёда аз 100 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин форуми иқтисодию тиҷоратӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вилояти Суғд бо иқтидори бузурги иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони чинӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дошта, барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи устувор фароҳам овардааст.
Раиси вилоят зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории минтақа иброз дошт, ки вилояти Суғд дорои захираҳои ғании маъданҳои кӯҳӣ, инфрасохтори рушдёбандаи саноатӣ, иқтидори баланди кишоварзӣ ва мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ буда, фаъолияти муваффақонаи як қатор ширкатҳои бузурги чинӣ дар вилоят далели равшани муҳити мусоиди сармоягузорӣ мебошад.
Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд ба рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои таъсиси ширкатҳои муштараки истеҳсолӣ, коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, рушди саноати бофандагӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти чармӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли техника ва таҷҳизоти маишӣ, рушди боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ ва парандапарварӣ, истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ, телефонҳои мобилӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус дорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар шаҳрҳои саноатии вилоят татбиқи лоиҳаҳои коркарди дубораи партовҳо аз талаботи муҳими замон буда, ширкатҳои чинӣ метавонанд дар амалисозии чунин ташаббусҳо саҳми арзанда гузоранд.
Дар форум Ноиби президенти ширкати бузурги чинии «Тибет Эверест» Хуан Ятин низ суханронӣ намуда, аз таҷрибаи фаъолияти ширкат дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Аргентина ёдовар шуд. Ӯ муҳити сиёсӣ, суботи иҷтимоӣ ва фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистонро барои рушди соҳибкорӣ хеле мувофиқ арзёбӣ намуда, аз ҳамкориҳои муваффақ бо шарикони тоҷик изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар идомаи форум намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси истеҳсолоти нав ва ҷалби сармоя пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа намуданд.
Дар қисми дуюми ҳамоиш вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон (B2B) баргузор гардида, намояндагони ширкатҳои ду тараф имкониятҳои ҳамкории мустақимро баррасӣ карданд.
Дар натиҷаи музокирот байни як қатор соҳибкорону ширкатҳо санадҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои нави тиҷоратӣ ба имзо расиданд, ки онҳо барои густариши муносибатҳои иқтисодии вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Форуми иқтисодию тиҷоратии шаҳри Шанхай қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи робитаҳои соҳибкорони вилояти Суғд бо ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ гардид.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 15.10.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6922  сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: