Дар Амрико дастовардҳо ва иқтидори Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ гардид

0
12 просмотров

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода дар намоишгоҳи зеҳни сунъӣ бо номи «AI+EXPO» иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар намоишгоҳ дастовардҳо ва иқтидори бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва рақамигардонӣ муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон дар анҷоми чорабинӣ бо як зумра раисон ва роҳбарони аввали ширкатҳои зеҳни сунъии амрикоӣ вохӯриҳои судманд баргузор карда шуданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: