Таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардид

0
3 просмотров

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Прокурори генералии Давлати Қатар доктор Исо Ал-Ҷуфолӣ Ал-Нуаймӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии ду мамлакат, инчунин тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, табодули сафарҳои соҳавӣ, танзими даврҳои такмили ихтисос ва дигар самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: