Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд

0
6 просмотров

Соли 2025 дар 246 ҳазору 480 гектар барои муайян намудани тухмгузории малах мушоҳидаи тирамоҳӣ гузаронида шуд. Дар 120 ҳазору 555 гектари он тухмгузории малах муайян гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои пешгирии паҳншавии малах 8 дорупошаки бесарнишин (дрон) харида шуд, ки  барои беҳтар намудани кор ва сари вақт пешгирӣ кардани паҳншавии малах истифода мегардад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, ин ҳашарот тухмҳои худро дар ҷойҳои дастнорас мегузоранд, ки барои нест кардани онҳо мушкилӣ пеш меояд.

Малах тухмҳоро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, дар хоки сахти ҷойҳои регзори заминҳои қумӣ дар чуқурии аз 4 то 5 сантиметр мегузорад.  Агар дар давраи якум ва дуюми он макони ҷойгиршавии онҳо мушаххас карда шуда, корҳои кимиёвӣ гузаронида шаванд, нест намудани онҳо имкон дорад. Зеро дар ин давра онҳо бо ҳам зич буда, имкони васеъ паҳн шудан надоранд. Вале агар давраи 3 ё 4-уми он оғоз гардад, дар ин ҳолат нест намудани малах хеле мушкил аст. Чунки дар ин давра онҳо хуб инкишоф ёфта, масунияташон мустаҳкам мегардад ва 1 малах дар як гектар баробари 3 вазни худ зироатро истеъмол менамояд. Модинаи ин ҳашарот аз 5 то 7 см ва наринаи он то 4,5-5 сантиметр дароз мешаванд. Малахи модина дар мавсими тухмгузорӣ аз 1 то 3 ғӯза тухм мемонад, ки дар дохили як ғӯзаи он аз 18 то 42 тухми малах мавҷуд аст.

Ҳангоми истифодаи микромаводи биологӣ бар зидди малах танҳо ин ҳашарот нобуд гашта, дигар намуди ҳашарот, хазандагон, парандагон ва дигар мавҷудоти зинда осеб намебинад. Ҳангоми истифодаи чунин усул муҳити экологӣ безарар боқӣ мемонад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 21.09.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3180 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: