Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд

0
688 просмотров

Дар доираи татбиқи барномаи «Кишвари сабз», корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ҳифзи муҳити зист дар боғ ва гулгаштҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зимни ҳашари ниҳолшинонӣ 100 бех ниҳоли санавбар, ёс, сарвиноз, ғор, шоҳбулут ва арча шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолона иштирок намуданд.

Тибқи маълумоти масъулин, аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдону гулгаштҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 750 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд. Ин нишони он аст, ки дар вилоят ба масъалаи ободонӣ ва сабзу хуррам намудани муҳити зист таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.

Инчунин аз ҷониби масъулин барои нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сатҳи таваррум дар соли 2017 маълум гардид

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда, истифодаи фишангҳои монетарӣ ва асъорӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвилро ҷиҳати танзими ҳаҷму арзиши ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: