Facebook аз шикасти 50 миллион аккаунт хабар дод

0
2 193 просмотров

Шабакаи иҷтимоии Facebook истифодабарандагонро аз шикасташавии тахминии 50 миллион аккаунт ҳушдор сохт. Дар ин бора TechCrunch хабар медиҳад.

Нуқсони Facebook дар рамзи хизматрасонии «Посмотреть как» — ба назар мерасад, ки ба исфтифодабарандагон имкон медиҳад, то маводашонро аз нигоҳи дигар истифодабаранда мутолиа кунанд. Тариқи ин нуқсон хакерон тавонистанд рамзҳои махсуси истифодабарандагонро ба даст оранд.

Facebook аллакай дуздии маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Ба ғайр аз ин ширкат маҷбур шуд рамзи 50 миллион истифодабарандаро иваз кунад, дар оянда ширкат бояд боз рамзи 40 миллион нафарро аз нав ба қайд гирад. Ба ҳамаи ин истифодабаранда зурур аст то дар шабака аз нав қайд гузаранд. Инчунин ширкат ҳамаи онҳоро оиди шикасташавии тахминии аккаунташон хабардор намуд.

Инчунин Facebook муваққатан хизматрасонии «Посмотреть как»-ро барои истифодабарандагони тамоми ҷаҳон маҳдуд намуд. Бар замми ин намояндагони шабакаи иҷтимои аз ҳамаи истифодабарандагон зоҳиш менамоянд, ки ба таҳлука наафтода рамзҳояшонро иваз намоянд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии саратони бачадон ва гурдаро муваффақона анҷом доданд

Нахустин маротиба табибони тоҷик ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: