Дар Хуҷанд Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистон ва Чин доир мешавад

0
545 просмотров

Имрӯз ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин, ки 20 июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад, вориди Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меҳмононро дар фурудгоҳ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода истиқбол намуд.

Нимаи дуюми рӯз мулоқоти меҳмонон бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Сипас онҳо барои иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин ба шаҳри Хуҷанд сафар менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромада, дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш меёбад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бозиҳои Осиё-2018: натиҷаи мусобиқаҳо

Дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳо оид ба камонварӣ, гимнастика, бадминтон, баскетбол, бейсбол, волейболи соҳилӣ, қартабозӣ (бридҷ), қайиқронӣ дар байдарка ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: