Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

0
782 просмотров

Дар шаҳри Берлин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҳамкории муштарак бо Иттиҳодияи дӯстони Осорхонаи этнологӣ ва ташкилоти Ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҳфили наврӯзӣ нафарони расмии давлати иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ, шаҳрвандони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ҳузур доштанд.

Дар таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ғурфаи миллиро иборат аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърих ва нигораҳои миллӣ ташкил намуд, ки он дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумор қарор гирифт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат

Дар ш.Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: