Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд

0
633 просмотров

Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Созишномаи генералӣ бо мувофиқаи  тарафҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон: Раиси  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон: иҷрокунандаи вазифаи Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Айёмбек Акрамзода ба имзо расонида шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Абдураҳмон Қодирӣ Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: