Ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон ба “Хуҷанд” гузашт

0
6 329 просмотров

Ҳайати дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро собиқ бозингари lдастаи КМВА “Помир” Фирдавс Чақалов пур кард. Ин бозингари 22 солаи тими миллӣ бо дастаи нави худ шартномаи як сола ба имзо расонид. Фирдавс Чақалов, ки аз соли 2012-ум дар ҳайати дастаи КМВА “Помир”-и Душанбе бозӣ мекард дастаи “Хуҷанд”-ро дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми КФО-2018 намояндагӣ хоҳад кард.  Соли 2017 барои футболбози дастаи КМВА “Помир” соли бобарор буда, бо нишондоди беҳтарин ба қатори се муддаии аслӣ барои ба даст овардани ҷоизаи “беҳтарин бозингари сол” шомил шуд. Бояд гуфт, ки ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли қаблӣ дар ҳисоби худ 8 гол ва 10 партофти головар анҷом дод, ки ин дар фаъолияти касбиаш беҳтарин нишондод ба ҳисоб меравад. 5 сентябри соли 2017 Чақалов дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 нахустин маротиба бо пироҳанҳои тими миллӣ ба майдон баромад ва дар он дидор мунтахаби мо бо ҳисоби 2-1 дар сафар ғолибият ба даст овард.

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаҳонгарди амрикоӣ: шефтаи Хуҷанд гардидам

Блогнависи амрикоӣ Дрю Бинскиро табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон  хеле шефта кардааст.  Дар ояндаи наздик Осиёи Марказӣ ба далели ҷаззобияти табиату фарҳанг ва дастрасии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: