Тони Фергюсон дар UFC 291 аз Бобби Грин шикаст хӯрд

0
590 просмотров

Шаби 29-ум ба 30-юми июл дар маҷмааи «Энерҷи Солюшн-арена» дар Солт-Лейк-Ситии иёлати Ютаи ИМА силсиларақобатҳои UFC 291 доир шуданд. Дар яке аз рақобатҳо дар вазни сабук Тони Фергюсон бо Бобби Грин вохӯрд. Рақобат се раунд идома ёфта, бо пирӯзии Грин тариқи хаффакунии ҳариф анҷом ёфт.

Акнун Тони дорои омори шаш бохти паиҳам буда, дар охирин муҳорибаи хеш моҳи сентябри соли гузашта тариқи хаффакунӣ аз Нейт Диаз мағлуб шуда буд. Дар умум дар ҳисоби Фергюсон 25 пирӯзӣ ва нӯҳ бохт аст. Пештар Тони изҳор намуд, ки панҷ рақобати дигар доир мекунад ва то хатми маснади варзишӣ камарбанди қаҳрамониро соҳиб мешавад.

Дар ҳисоби Бобби Грин бошад 30 пирӯзӣ, 14 бохт ва як мусовӣ аст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

1548 медали варзишгарони Хуҷанд дар соли 2018

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои мухталифи сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ ба гирифтани 1548 медал, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: