Ширкати Apple шумораи тистифодабарандагони пулакии хадамоти мусиқавии стримингии Apple Music-и худро аз моҳи июни соли 2017-ум, ки он замон истифодабарандагони пулакии хадамот 27 миллион нафарро ташкил медоданд, боз ба 3 миллион нафар зиёд карда тавонист. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони пулакии Apple Music аз 30 миллион нафар зиёд шудааст. Дар ин бора Ҷимми Айовайн, роҳбари Apple Music дар мусоҳиба ба нашриёти Billboard хабар додааст. Қайд мекунем, ки ширкати Apple моҳи декабри соли 2016-ум 20 миллион шудани шумораи истифодабарандагони Apple Music-ро ҷашн гирифта буд. Рақиби асосии Apple Music Spotify ба шумор меравад. Моҳи июл шумораи истифодабарандагони пулакии он ба 60 миллион нафар расида буд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар анҷумани XVI- уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон Раиси ҳизби мазкур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонозода номзад ...


Нет комментариев