Ба қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии ВКД дар вилояти Суғд кумак расонида шуд

0
800 просмотров

Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023 ба қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Суғд якчанд намуд маводи хӯрока тақдим намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур.

​ Маводи хӯрокаро масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд дастрас намуда, иброз доштанд, ки ин иқдом бо мақсади ҳавасманд намудан ва қадрдонии сарбозону афсарони шуҷои Ватан роҳандозӣ гардида, муҳофизони марзу буми кишвар ба ҳама гуна таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ сазовор мебошанд.

Дар навбати худ роҳбарияти қисми ҳарбиии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд барои чунин дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таъиноти кадрӣ дар баъзе аз вазорату идораҳо

Имрӯз бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: