Криштиану Роналду эҳтимол аст, ки ба дастаи “Челси” гузариш кунад.

0
891 просмотров

Ҳамлагари португалии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” – Криштиану Роналду эҳтимол аст, ки ба дастаи “Челси” гузариш кунад. Дар ин бора Evening Standard иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди муноқиша бо «Манчестер Юнайтед» ва сармураббии даста Эрик тен Ҳаг футболбози португалӣ азм дорад, ки ҳарчи зудтар,  тарки бошгоҳ намояд.

Довталаби асосии португалӣ дар ҳоли ҳозир ин бошгоҳи “Челси” аст. Соҳибмулки “ашрофзодаҳо” Тодд Боэлии амрикоӣ  омода аст, ки маоши Роналдуро дар даста пардохт намояд.

Қаблан, Роналду дар як мусоҳиба дар бораи «Манчестер Юнайтед» бисёр гапҳо  гуфта буд: ӯ даста  ва тен Ҳагро танқид карда, инчунин гуфта буд, ки собиқ сармураббии  дастаро (Ралф Рангник) мураббӣ намешуморад.

Манбаъ: ВАРЗИШ-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Даври Lumia 1520 ба охир расид

Моҳи октябри соли 2013 дар конфронси Nokia World, ки дар Абу Даби баргузор гардида буд, ширкати финӣ смарфони нави худ Lumia 1520-ро эълон намуд. Кӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: