Сафари тими мунтахаби ҷавонон ба Санкт-Петербург

2
7 151 просмотров
www.khovar.tj

www.khovar.tj

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев, шоми дирӯз ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки аз 16 то 25 январ баргузор мегардад,  ба Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Ҳайати намояндагии дастаи кишвар аз 25 нафар иборат аст, ки аз онҳо 19 нафарашон бозингарон мебошад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозии аввали мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар «Ҷоми Иттиҳод-2015»  пагоҳ, 17-уми  январ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Қазоқистон баргузор мешавад.  Рӯзи дигараш, яъне 18 январ, дастпарварони Алишер Тухтаев бо ҳамсолони худ аз Африқои Ҷанубӣ рақобат мекунанд. Дидори охирини марҳилаи гурӯҳии худро тими мунтахаби ҷавонони кишгвар рӯзи 20 январ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Литва доир хоҳад кард.Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи аввалӣ 12 дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳи чор дастаӣ тақсим шуд. Сабқати марҳилаи аввал аз рӯи низоми  даврӣ гузаронида мешавад, ки дар он ҳар як даста бо дастаҳои гурӯҳи худ як бозӣ мегузаронад. Дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалу дуюмро ишғолкарда ва ду дастаи ҷойҳои сеюми нишондиҳандаҳояшон авлотар барои ҷойҳои аз 1 то 8 аз рӯи низоми «плей-офф» бозӣ мекунанд. Ҳамчунин се дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои охирро ишғолкарда ва як дастаи ҷои сеюми нишондиҳандаҳояш пасти марҳилаи гурӯҳӣ барои ҷойҳои 9-12 низ аз рӯи низоми «плей-офф» рақобат мекунанд. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

2 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

ҚАЛЛОБ ДАР КОФТУКОВ.

 Муҳаммадиқбол Садуридинов бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: