Рӯзҳои охири ҳафтаи равон боду ҳаво номусоид мегарданд

0
4 747 просмотров

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ то 10 -12 дараҷа пастшавии харорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, 3 -4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст.

Новобаста аз он, ки 5-6 ноябр ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст, аммо дар ин рӯзҳо сардии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад.

Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон имрӯз, 2 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар Суғд то 20-25 дараҷа, Хатлон 26-31 дараҷа, навоҳии тобеи марказ- 24-29 дараҷа ва ВМКБ то 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

 Манбаъ: khovar.tj

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Э. Раҳмон бо ҳамоҳангсози доимӣ ва роҳбарони намояндагиҳои СММ дар Тоҷикистон

Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: