Қуттиҳои махсуси алоҳида барои партов дар Хуҷанд

0
2 122 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд бунёди корхонаи коркарди партов ба нақша гирифта шудааст. Дар робита ба ин бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд маконҳои партовгузорӣ бо қуттиҳои ҷамъоварии намудҳои гуногуни партов таъмин гардиданд. Шаҳрвандон минбаъд партовҳоро мувофиқ ба таъйиноти қуттиҳо, ба мисли хокрӯба, зарфҳои шишагию пластикӣ, оҳан, меваю сабзавот ва ғайраҳо мегузоранд, ки ин барои ба навъҳо ҷудо намудани партов мусоидат мекунад.

Аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» аллакай 120 намуди чунин қуттиҳо дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр гузошта шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 175 нуқтаи партов бо 780 адад қуттӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» партовҳо бароварда мешаванд.

Инчунин КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилоти шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода нигоҳ  доштани шаҳри Хуҷанд аз тамоми имконият истифода менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Сооронбой Жээнбеков

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Муҳтарам Сооронбой ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: